Обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ қабати обии сайёраро, ё ин ки гидросфераро ташкил медиҳанд.
Обҳои сатҳӣ уқёнусҳо, баҳрҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва дигар ҷараёнҳои обу ҳавзҳоро дар бар мегиранд. Ба обҳои зеризаминӣ обҳои намуди гуногун дахл доранд, ки онҳо дар қабатҳои болои литосфера ҷойгир шудаанд. Обҳои Замин дар ҳаракати мунтазам мебошанд. Гирдгардиши об ҳамаи қисмҳои гидросфераро пайваст менамояд, ки он системаи сарбастаро ташкил медиҳад. Одатан дар об ғашҳои пайдоишашон ғайриорганикӣ ва органикӣ мавҷуданд. Оби ширин ва шӯрро ҷудо мекунанд, сайёраи мо асосан аз оби шӯр иборат мебошад. Шӯрнокии миёнаи оби уқёнус баробари 34,7%, ё ин ки 34,7 г/л мебошад. Миқдори намакҳо дар оби ширин бошад на зиёда аз 1 г/л мебошад.
Аз сатҳи умумии Замин, ки баробари 510 млн км2 мебошад, 70,8% ро уқёнусу баҳрҳо ва 29,2 % ро хушкӣ ташкил медиҳад. Тақрибан 3% сатҳи хушкиро обҳои дохили материкӣ – кӯлҳо, дарёҳо ва ғ. ташкил медиҳад, ва тақрибан 11 % сатҳи хушкӣ бо пиряхҳо пӯшида шудааст.
Дар айни замон массаи об тақрибан 0,02% массаи курраи заминро ташкил дода, ҳаҷми он баробари 1,45*109 км3 мебошад. Тақсимоти ҳаҷми об дар қитъаҳои гуногуни гидросфера чунин тавр мебошад, ҳаз. км3:
Уқёнуси ҷаҳонӣ 1 370 323
Обҳои зеризаминӣ 60 000
Аз он ҷумла минтақаҳои фаъоли мубодилаи об 4 000
Пиряхҳо 24 000
Кӯлҳо 280
Намнокии хок 85
Буғи атмосферӣ 14
Обҳои дарёҳо 1,2
Об дар уқёнусҳо минералонидашуда мебошад (миқдори миёнаи намак; -35 г дар як литри об); миқдори зиёди обҳои зеризаминӣ ҳамчунин минералонида мебошад, баъзеи онҳо дар таркибашон то 200-250 г/л намакҳоро доранд.
Расми 3.1. Захираҳои умумии оби ҷаҳонӣ (
GRIDA-UNEP, 2012
)
Аксарияти ҳавзаҳои дарёҳо байнисарҳадӣ мебошанд. 148 мамлакатҳо дар ҳудуди худ як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ доранд. Дар 39 мамлакатҳо як ё якчанд ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ зиёда аз 90%– и ҳудуди онро дар бар мегирад, ва 21 мамлакат пурра дар ҳудуди як ё якчанд ҳавзаҳо ҷойгир шудааст.
Расми 3.2. Тақсимоти глобалии (дастрас будан) об ба ҳар як сари аҳолӣ (Revenga, 2000).
Рас. 3.3. Ҳавзаҳои дарёҳои калонтарини ҷаҳон (GRIDA-UNEP, 2002).
Дар ҷаҳон 276 ҳавзаҳои дарёҳои байнисарҳадӣ вуҷуд дорад (64 – дар Африқо, 60 – дар Осиё, 68 дар Европа, 46 дар Америкои Шимолӣ ва 38 – дар Ҷанубӣ).
Бисёр захираҳои обҳои ширини Тоҷикистон дар пиряхҳо ва барфтўдаҳо ҷамъ шудаанд. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 11 ҳаз. км2 ё 8% ҳудуди мамлакатро ташкил додаанд. Пиряхҳои масоҳаташон то 1 км2 ~ 80 %, ва масоҳаташон зиёда аз 1 км2 – қариб 20 % -и миқдори умумиро ташкил медиҳанд.
Захираҳои ҳозираи обҳои ошомиданӣ дар пиряхҳои кўҳӣ 845 км3 –ро ташкил мекунад, ки дар ҳаҷм, аз ҳисоби миёнаи солонаи ҷориши умумии ҳама дарёҳои мамлакат 8 маротиба зиёд аст.
Тамоми дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаҳои обии дарёҳои Сирдарё, Амударё ва Зарафшон тааллуқ доранд. Калонтарин дарёҳои байнисарҳадӣ дарёҳои Амударё, Сирдарё , Бартанг ва Зарафшон ҳисоб меёбанд.
Ҷараёни миёнасолонаи барқароршавандаи Амударё атрофи 78,5 км3 –ро ташкил медиҳад. Шохобаҳои калонтарини Амударё: дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар ҳаҷми умумии захираҳои обии ин ҳавза 82,5% аст. Дар шимолу ғарбии мамлакат шохобаи дигар, дарёи Зарафшон ҷойгир аст, ки ҷараёни миёнаи бисёрсолаи он ба 5,14 км3 рост меояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон фақат 3%-и ҷараёни он истифода мешавад, ҷориши боқимонда ба ҳудуди давлати ҳамсоя ҷорӣ мешавад.
Ҷараёни солонаи умумии дарёҳо аз рўи солҳои гуногунобӣ аз 25 то 68 км3 тағир меёбад; аз ин ҳаҷм дар ҳудуди Тоҷикистон дар беҳтарин солҳо 52-53 км3-и он ташаккул меёбад (дар ҳавзаҳои Амударё – 50,5 км3, Сирдарё – 0,7 км3). Ва аз он ҳаҷми обгирӣ фақат 13 км3 –ро ташкил медиҳад, яъне танҳо чоряки ҷараёни дарёӣ барои сарфи оби миллӣ истифода мешавад, қисми боқимондаи он ба ҳудуди давлатҳои ҳамсоя ворид мегардад.
Захираҳои умумии обҳои ошомидании (минералонӣ камтар аз 1г/дм3) зеризаминӣ зиёда аз 51,2 млн. м3-ро дар якшабонарўз ташкил медиҳанд. Аз онҳо захираҳои истифодашаванда – 7,6 млн.м3 дар як шабонарўз, ё 14,8% -ро ташкил медиҳад.
Аз ин захираҳо тақрибан 65% (1,93 млн. м3 дар як сол.) истифода мешаванд. Вале, бо вуҷуди фаровонии захираҳои оби нўшокӣ, Тоҷикистон мамлакате мебошад, ки тараққиёти обтаъминкунии аҳолӣ суст аст, хусусан дар ҳавзаи дарёи Сир норасогии он мушоҳида мешавад (Вилояти Суғд).
Барои барқароршавии захираҳои оби ошомиданӣ, гирдгардиши об, ки ҳамаи қисми гидросфераро бо ҳам мепайвандад аҳамияти асосиро мебозад.
Дар гирдгардиши об элементҳои асосиро ҷудо менамоянд: атмосферӣ, уқёнусӣ ва материкӣ.
Давомнокии фарзии (тахминӣ) ивазшавии ҳамаи ҳаҷми қисми додашудаи гидросфера дар раванди гирдгардиш бо мубодилаи фаъоли об тавсиф меёбад. Масалан, агар ҳаҷми умумии дарёҳо баробари 1200 км3 бошад, ин маънои онро дорад ки ҷараёни об дар дарёҳо 26,6 маротиба дар як сол, яъне ҳар 13 шабонарӯз азнав мегардад.
А.Е. Ферсман обро минерали аз ҳама муҳими Замин номидааст, ки бе мавҷудияти он ҳаёт ҳам мавҷуд нест.
Шароити гидрологӣ яке аз нақшҳои асосиро оид ба ташаккули муҳити табиат мебозад. Дар он ҷое, ки об дар миқдори зарурӣ мавҷуд мебошад, гуногунннамудии организмҳои зинда мушоҳида карда мешавад.
Зери мафҳуми истифодабарии захираҳои обӣ – истеъмоли об ва рафъи он фаҳмида мешавад.
Муаммои камшавии миқдорӣ ва пастшавии сифатии захираҳои обӣ, ки бо афзоиши истеъмоли об дар саноат, хоҷагии қишлоқ ва маишӣ (камшавии миқдорӣ) ва ифлосшавии об (пастшавии сифатӣ) диққати мутахассисони ҳамаи ҷаҳонро ҷалб кардааст.
Камшавии миқдориии захираҳои обӣ. Айни замон инсоният 12-13% ҷараёни дарёҳоро истифода бурда истодааст. (слайд WH water use)
Дар саноат соҳаҳое, ки бештар обро истеъмол менамоянд ин – энергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, металлургӣ ва химиявӣ мебошанд. Масалан, барои гудохтабарории (выплавка) 1 т чугун ва коркарди он ба пӯлод (сталь) 300 м3 об сарф мегардад, барои 1 т алюминий – 1500 м3, мис – 500 м3, қоғаз – 900 м3, каучуки синтетикӣ – 2100-3500м3. Боз ҳам ҳаҷми зиёди об дар хоҷагии қишлоқ истифода мешавад.
Пастшавии сифати захираҳои обӣ. Сабабҳои асосии пастшавии сифатии захираҳои обӣ – ин ифосшавии он мебошад.
Зери мафҳуми ифлосшавии об – дар он зиёдшавии моддаҳои зарарнокро ба миқдори зиёда аз меъёр, ки дар натиҷаи он сифати об паст мешавад ва объекти обӣ ифлос мегардад.
Манбаъҳои асосии ифлосшавии об инҳоянд: обҳои шорандаи саноати нафт, химияи нафт, химиявӣ, ангишт, селлюлоза-қоғазӣ ва металлургӣ.
Истифодабарии вояи зиёди нуриҳои минералӣ дар хоҷагии қишлоқ, воситаҳои химиявии ҳифзи растаниҳо ҳам инчунин ба ифлосшавии обанборҳо ва ҷараёнҳо оварда мерасонад.
Нуриҳо (удобрения) ва инчунин элементҳои биогенӣ, ба мисоли фосфор ва нитроген, ки дар обҳои шорандаи корхонаҳои саноатӣ ва комплексҳои чорводорӣ мавҷуданд, ба ҳавзҳо ва ҷараёнҳои рӯизаминӣ ворид гашта реҷаи биологӣ ва биохимиявии онҳоро вайрон мекунанд. Он қобилияти обҳои табииро ба худтозакунӣ паст менамояд, ки он на танҳо ба пастшавии сифати об ва инчунин ба деградатсияи онҳо оварда мерасонад.
Яке аз ифлоскунандаҳои асосии об ин нафт ва маҳсулоти он мебошад. Ҷоришавии нафт ба Уқёнус ҷаҳонӣ аз рӯи ақидаи мутахассисон тақрибан баробари 25-30 млн т дар як сол мебошад. 1 т нафт дар рӯи об пардаи бо масоҳати 12 км2 ро ҳосил мекунад.
Муносибат бо истифодаи захираҳои обиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 боб, 146 модда) ба танзим медарорад. Мақсадҳои Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи об аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, таҳкими қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодабарии об мебошанд.
Қонунгузорӣ дар бораи об. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон об моликияти истисноии давлат мебошад ва давлат истифодаи самаранок ва ҳифзи онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафхумхои асосии зерин истифода карда мешаванд;
–об- ҳамаи обҳои дар объектҳои обӣ мавҷуда;
–обҳои рӯизаминӣ- обҳои доим ё муваққатан дар объектҳои обии рӯизаминӣ қарордошта;
–обҳои зеризаминӣ- обҳои аз ҷумла маъданӣ, дар объектҳои обии зеризаминӣ қарордошта;
–захираҳои об- захираҳои оби рӯизаминӣ ва зеризаминие, ки дар объектҳои об қарор доранд ва истифода мешаванд ё истифода хоҳанд шуд;
–объектҳои об- ҷамъшавии об дар рӯи замин, қаъри замин дар як ҳудуду ҳаҷм бо доштани низоми обӣ;
–низоми об – тағйир ёфтани сатҳ, хароҷот ва ҳаҷми об дар объектҳои об;
–манбаи обҳои рўизаминӣ- объекти оби рӯизаминӣ дар маҷмӯъ, ҳамчунин бо мубодилаи сусти об дар пастиҳои табиӣ ё сунъӣ;
–объекти оби ҷудогона (манбаи оби сарбаста) – манбаи оби масоҳати хурд ва ҷоринашавандаи сунъӣ, ки бо дигар объектҳои оби рӯизаминӣ аз ҷиҳати гидравликӣ вобаста нест;
–Ҳавзаҳои обҷамъшаванда – ҳудуде, ки дар он об ҷорӣ шуда объекти обро ба вуҷуд меорад;
–обҳои дренажӣ – обҳое, ки ба воситаи шабакаҳои заҳкашӣ сарҷамъ гардида, ба объектҳои об партофта мешаванд;
–обҳои партов – обҳое, ки баъди истифодаи он аз минтақаи ифлосшуда бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои об партофта мешаванд;
–истифодаи объектҳои об- бо тарзи гуногун гирифтани манфиат аз объектҳои об барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва дигар эҳтиёҷоти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ;
–Ҳифзи объектҳои об – фаъолият оиди ҳифз ва барқарорсозии объектҳои об нигаронидашуда;
–ифлосшавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудан, инчунин пайдо шудани моддаҳои зарароваре, ки сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминиро бад мегардонанд, истифодаи қаър ва соҳилҳои объектҳои обро маҳдуд месозанд, ё ба онҳо таъсири манфӣ мерасонанд;
–олудашавии объектҳои об – партов ё ба таври дигар дохил шудани моддаҳо ё зарраҳои муаллақ ба объектҳои об, ки ҳолат ва истифодаи объектҳои обро душвор месозанд;
–камшавии об – мунтазам камшавии захира ва бадшавии сифати обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;
–таъсири зараровари об – зери об, қисман зери об мондан ва дигар таъсири зараровари обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ ба минтақа ва объектҳои муайян;
–истифодабарандаи об- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки обро ба тартиби муқарраргардида барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд;
–фаъолияти хоҷагии об- фаъолияти шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оиди истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи объектҳои об;
–иҷозат барои истифодаи махсуси об – иҷозате, ки барои истифодабарии объекти об аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об дода шудааст; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)
–оби нӯшокӣ- обе, ки аз рӯи ҳамаи сифатҳояш дар ҳолати табиӣ ё баъди коркарди он (тозакунӣ, безараргардонӣ, илова кардани моддаҳои зарурӣ) ба талаботи меъёрӣ мувофиқ аст ва барои нӯшидан ва эҳтиёҷоти маишии инсон ё барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока истифода шуда метавонад;
–меъёрҳои сифати оби нӯшокӣ (талаботи меъёрӣ)– маҷмӯи бо усулҳои илмию тадқиқотӣ ва бо қоидаҳои санитарӣ муқарраршудаи нишондодҳои имконпазири хосиятҳои таркиби кимиёвӣ ва микробиологии оби нӯшокӣ, ки бехавфию безарарии онро барои саломатии инсон кафолат медиҳад;
–таъминкунӣ бо оби нушокӣ- фаъолияте, ки ба таъмини талаботи ба оби нушокӣ доштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигаронида шудааст;
–истифодаи умумии об- истифодаи умумии об бидуни ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳи техникӣ;
–истифодаи махсуси об- истифодаи об ба воситаи ба кор бурдани иншоот ё дастгоҳҳои техникӣ;
–истифодабарандагони аввалаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки объектҳои об ба онҳо барои истифодаи ҷудогона дода шудаанд;
–истифодабарандагони баъдинаи об- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо истифодаи объектҳои об бо розигии истифодабарандагони аввалаи об дар асоси шартномаи тарафайн бо мувофиқати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба танзими истифода ва ҳифзи заҳираҳои об» дода мешавад; (ҚҶТ аз 16.04.2012с., №821)
–каптаж- ҷамъ кардан ва ба маҷрои муайян равона кардани обҳо бо мақсади бо пуррагӣ истифодабарӣ ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани онҳо;
–мониторинг-мушоҳида, баҳодиҳӣ ва пешбинии ҳолати об;
Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Иқдомҳои мазкур диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти об, иҷрои чораҳои амалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намудаанд. Дар сатҳи минтақавӣ, Тоҷикистон дар фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), кори комиссияҳои он оид ба масъалаҳои хоҷагии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.
Намуди асосии обистифодабарӣ дар Тоҷикистон обёрии замин ба ҳисоб меравад, ки ҳаҷми истифодаи об дар он 75-85%-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истифодабарии об аз ҷониби хоҷагиҳои оилавӣ 4-5%, сано- ат-2-3%-ро ташкил медиҳад. Талафи об дар соҳаи обёрӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ба 20-40% мерасад, шабакаҳои канализатсионӣ ва обпартовтозакунӣ таъмиру васеъкуниро талаб мекунанд.
Обҳое, ки баъд аз обёрӣ бароварда мешаванд, минерализатсияи баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар куҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад, дар ояндаи дарозмуҳлат бошад, дар натиҷаи кам гаштани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об кам гашта, таҳдиди хушксолӣ меафзояд. Вазъи истифодабарии захираҳои об ва захираҳои замин бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Барномаи такмили хоҷагии об барои солҳои 2016-2025 ба он равона шудааст, ки гузариши тарзи таърихан ташаккулёфтаи маъмурӣ – ҳудудии захираҳои об ба идоракунии ҳавзавии дарёҳо дар Тоҷикистон таъмин гардад.
Дар шароити иқлими хушку гарм об воситаи асосии зиндагӣ ба ҳисоб рафта, дар қатори замин аз ҳама захираи муҳими табиӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин сабаби буҳрони экологии баҳри Арал гаштааст. Проблемаи асосии обии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, фақат норасогии об нест, инчунин ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй набудани самаранокии обрасонӣ ва истифодабарӣ мебошад.
Резиши умумии солонаи дарёҳои дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккулёфта 64 километри мукаабро ташкил медиҳад, резиши солонаи ҳамаи дарёҳое, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ба 80 километри мукааб мерасад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нисфи ҳаҷми дарёҳои ҳавзаи Баҳри Арал ташаккул меёбад. Дарёҳои асосӣ Панҷ, Вахш, Кофарниҳон, Зарафшон ва Сирдарё ба ҳисоб меравад. Захираҳои обии дарёҳо аз ҳисоби обшавии барф ва пиряхҳо ва боришот ташаккул меёбанд. Дар Тоҷикистон шабакаи зичи дарёҳо вуҷуд дорад, ки он иборат аз 947 дарёҳо бо дарозии зиёда аз аз 10 километр ва дарозии умумии ин дарёҳо зиёда аз 28 ҳазор километрро ташкил медиҳад. Гузариши аз ҳама зиёди оби дарёҳо дар давраи максималии обшавии барф ва пиряхҳо дар моҳҳои июн-август мушоҳида мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои камбориши ҷануб об намерасад.
Майдони пиряхҳо 8 ҳазор километри мурабаъ (6% ҳудуди мамлакат)-ро ташкил медиҳад, захираи об дар пиряхҳо 550 километри мукааб арзёбӣ мешавад, ҳаҷми пиряхи калонтарини мамлакат – Федченко ба 93 километри мукааб баробар аст, ки он аз ҳаҷми умумии дарёҳои Тоҷикистон зиёд аст. Вале пиряхҳо абадӣ нестанд ва обшавии онҳо зери таъсири гармша-вии иқлим идома меёбад. Масоҳати бо пиряхҳо пӯшидашуда аз аввал ва миёнаи асри гузашта алакай тақрибан 25-30% коҳиш ёфтааст (тибқи арзёбии ҳаҷми пиряхҳои миёна ва хурд). Дар назар аст, ки то соли 2050 ин масоҳат боз 25-30% коҳиш меёбад, ҳаҷми дарёҳои асосӣ бо- шад, дар натиҷаи босуръат зиёд шудани миқдори об аз ҳисоби пиряхҳо дар аввал меафзояд, вале баъдтар, дар баробари хароб гаштани пиряхҳо, кам мегардад. Сарфи максималии ҳаҷми оби дарёҳо ба муҳлатҳои пештар мегузарад ва тобистон ва тирамоҳ, вақте, ки заминҳои кишоварзӣ аз ҳама зиёд ба об ниёз доранд, кам мегардад. Таҳдиди селфароӣ зиёд мешавад.Кулҳои мамлакат қариб 44 километри мукааб об дорад. Кули Сарез дар Помир, ки он соли 1911 дар натиҷаи сангрезӣ дар давраи заминларза ба вуҷуд омадааст, 17 миллиард метри мукааб оби нӯшокӣ дорад. Кулҳои сарбаста дар шарки Помир оби намакдор дорад. Калонтарин кулҳои Тоҷикистон инчунин обанбори Қайроққум бо ҳаҷми 3,4 миллиард метри мукааб ва обанбори Норак бо ҳаҷми 10,5 миллиард метри мукааб, ки болотар аз он айни замон обанбори боз ҳам калонтар сохта шуда истодааст, дохил мешаванд. Ҳамагӣ дар мамлакат 10 обанборҳо вуҷуд доранд, ки онҳо барои истеҳсоли электроэнергия ва обёрӣ истифода бурда мешаванд. Қариб 95% электроэнергия дар Тоҷикистон дар неру- гоҳҳои обӣ истеҳсол мегардад, асосан дар силсила НБО-ҳо дар дарёи Вахш. Барои бисёрии дарёҳо лойолудшавӣ хос аст, ки он дар натиҷаи такшинии лой ғунҷоиши фоиданоки кулҳоро кам мекунад.
Ҳаҷми сарфи обҳои рӯизаминӣ айни замон қариб 10 километри мукааб дар як сол, истифодабарии онҳо – 8 километри мукаабро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз обҳои рӯизаминӣ дар Тоҷикистон обҳои зеризаминӣ истифода бурда мешаванд (қариб 1 километри мукааб дар як сол), инчунин қисми об такроран истифода бурда мешавад, асосан барои эҳтиёҷоти саноат ва обтаъминкунии шаҳрҳо . Барои табобат ва нӯшидан обҳои зеризаминии минералӣ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла Обигарм, Хоҷа- Оби-гарм, Шоҳамбарӣ ва Гарм – Чашма.
Истеъмолкунандаи асосии об ин заминҳои кишоварзии обёришаванда мебошанд, ки ҳиссаи онҳо дар истифодабарии об 75-80%-ро ташкил медиҳад, ё 6,5-7 километри мукааб дар як сол. Дар баробари ин талафоти об дар давраи обёрӣ зиёд аст ва он зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад, сабаби асосии он истифодабарии усулҳои куҳнаи ирригатсионӣ (обмонии ҷуякӣ), каналҳои обрасонӣ рӯйпуш нестанд, омили иқтисодии сарфа намудани об вуҷуд надорад. Дарозии каналҳо 30 ҳазор километрро ташкил мекунад; шабакаҳои заҳкашу заҳбурҳо – 11 ҳазор километр. Ҳисоби омории истифодабарии об солҳои тӯлонӣ боз гузаронида намешавад. Қисми зиёди маълумотҳо дар бораи истифодабарии об дар хоҷагии қишлоқ дар асоси пурсишӣ – баҳодиҳӣ ҷамъоварӣ мешаванд ва камбудиҳои он зиёд аст.
Технологияҳои замонавии обёрӣ, масалан, обёрии қатрагӣ, истифодабарии обро 50-80%
дар муқоиса бо усулҳои ҳозира сарфа мекунад, вале бо сабаби арзиши баланди ин технологияҳо ва нархи пасти (тарифҳои) об, қариб истифода бурда намешаванд. Обёрии зиёду ғайрисамаранок на танҳо ба талафоти зиёди об, инчунин ба шӯршавӣ ва бодлесии замин ва дигар оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Масалан, дар водии Ёвон партоиши обҳои дренажӣ ба хокҳои ноустувори теппаҳо ва обёрии исрофкорона ташкил ёфтани оббурдаю ҷариҳои калон оварда расонд.
Барои обёри на танҳо оби бисёр, балки энергияи зиёд низ сарф мегардад. Стансияҳои обкаш ҳар сол 1,3-1,5 миллиард киловатт – соат қувваи барқ (15-20% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он) барои кашида гирифтани 5-6 миллиард метримукааби об, асосан дар давраи тобистон, истеъмол мекунанд. Қисми зиёди насосҳои обкашкуҳнаю фарсуда шудаанд ва барқарорсозиро талаб мекунанд. Хароҷот барои барқарсозии системаи ирригатсионӣ 1 миллиар доллари ИМА арзёбӣ мегардад, аммо дар 15 соли охир ба мелиоратсия ва обёрӣ дар намуди қарзҳо, грантҳо ва кумаки техникӣ фақат 200 миллион доллари ИМА хароҷот шудааст, ки он 5 маротиба аз талабот кам аст.
Хоҷагиҳои фермерӣ дар ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон муттаҳид мегарданд, то ки ҳисоби истифодабарӣ ва тақсимоти байнихоҷагии об, ҷамъоварӣ, пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ва истифодабарии иншооти байнихоҷагиро таъмин намоянд. Ҳамагӣ 400 ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон ташкил шудаааст (АИО). Вале пардохти ҳаққи истифодабарии об танҳо хароҷоти минималии онро (қувваи барқ барои кори насосҳо ва корҳои нигоҳдории каналҳо), хароҷоти гузаронидани корҳои барқарорсозӣ, нигоҳбонии ҳавзҳои об, дар бораи пардохт барои об, ҳамчун захира ва хизматрасонии экосистемавӣ (бо усули табиӣ тоза кардани об ва ғайра) тамоман гап намеравад. Нархҳои паст, аз як тараф, шакли дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб мераванд, аз тарафи дигар, сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани об, суст ҷорӣ намудани технологияҳои замонавӣ ва зиёдшавии норасогии маблағҳо барои барқароркунӣ мегарданд. Ба вазъияти истифодабарии захираҳои обӣ кам гаштани майдони кишти пахта то 350-400 ҳазор гектар таъсири мусбӣ расонд, ки н ба кам гаштани истифодабарии умумии об дар хоҷагии қишлоқ сабаб шуд.
Ҳиссаи истифодабарии оби нӯшокӣ ва барои зарурияти хоҷагӣ дар истифодабарии умумии он 4-5% -ро ташкил медиҳад, барои зарурияти саноат-2-3%; қисми зиёди ин об аз ҳисоби обҳои зеризаминӣ истифода бурда мешаванд. Аз 400 чоҳҳои КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нисфи он ба таъмири капиталӣ ниёз дорад. Ба ҳолати соли 2015 барои аҳолӣ қариб 20 ҳазор ҳисобкунанкҳои об насб шудааст, аз зарурияти умумии 200 ҳазор ҳисобкунанкҳо 10%-и ин миқдорро ташкил медиҳад.
Айни замон 86% истиқоматкунандагони шаҳрҳо, 61% истиқоматкунандагони шаҳракҳо ва 43% истиқоматкунадагони деҳот бо оби нӯшоки таъмин гаштаанд. Нисбат ба соли 2000 ин нишондод беҳтар шудааст. Қариб нисфи хоҷагиҳои оилавӣ оби водопроводро аз шабакаҳои умумии таъминоти об, боқимондаи хоҷагиҳо, 25% (2 миллион нафар) аз обҳои манбаҳои рӯизаминӣ – обҳои тозанашудаи дарёҳо, кулҳо, ҷӯйҳо, каналҳо, ҷӯякҳо ва каналҳо истифода мебаранд, ки онҳо ҷавобгуи меъёрҳои санитарӣ нестанд, агарчи сифати обҳои руизаминии Тоҷикистон дар маҷмӯъ баланд аст.
Қисми зиёди нуқтаҳои аҳолинишин шабакаҳои дурусти обтозакунӣ ва канализатсионӣ надорад, аз ин сабаб дар ҷойҳо сатҳи баланди касалиҳо, махсусан дарунравӣ ва гипатит мушоҳида мешавад, ки он бо ҳолати нохуби санитарию гигиениӣ вобаста аст. Дар шаҳрҳо наздики 50% аҳолӣ аз ҳоҷатхонаҳои обшустатозакунанда ва канализатсия истифода мебаранд, дар баробари ин дар ноҳияҳои деҳот зиёда аз 95% аҳолӣ ҳоҷатхонаҳои кӯчагӣ бо чуқурии кандашуда доранд, ки онҳо ба ифлосшавии замин ва об таъдид месозанд. Инфрасохтори шабакаҳои канализатсионӣ ва тозакунии об таъмиру васеъкуниро талаб менамояд. Ба ғайр аз Душанбе ва Хуҷанд обҳои истифодашудаи шаҳрҳо фаққат қисман тоза мешаванд ва баъд аз он ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд, аз 62 шаҳру шаҳракҳои мамлакат танҳо нисфи онҳо шабакаҳои канализатсионӣ доранд. Обҳои боришот дар шаҳрҳо ба ариқҳои ду тарафи роҳҳо партофта мешаванд ва бе тозакунӣ ба дарёҳо ҷорӣ мегарданд.
Маблағҳои барои таъмири шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионӣ ҷудошуда, 20 миллион доллари ИМА-ро дар як сол ташкил мекунанд, дар ҳолате, ки талаботи таъмир, васеъкунӣ ва сохтмони шабакаҳо 2 миллиард доллари ИМА мебошад. Дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар 30 шаҳрҳо, шаҳракҳо ва нуқтаҳои аҳолинишини деҳот айни ҳол корҳо ба маблағи қариб 170 миллион доллари ИМА амалӣ гашта истодаанд. Барқарорсозию азнавкунии шабакаҳои обтаъминкунии нӯшокӣ ва санитарӣ, мукаммалсозии тарафҳо ва сифати хизматрасонӣ идома дорад.
Минерализатсияи зиёди обҳои заҳбурӣ аз майдонҳои обёришаванда ва сатҳи пасти то-закунии обҳои истифодашуда сабаҳои асосии ифлосшавии ҳавзҳо ба ҳисоб мераванд. Дар қисми ноҳияҳои сераҳолӣ, аз ҷумла ноҳияҳои назди Душанбе, сохтмони қад –қади дарёҳо ба назар мерасад, ки он ба ҷамъшавии партовҳо дар соҳилҳо ва пастшавии сифати об оварда мерасонад. Таъсири манфӣ ба сифати об инчунин чаронидани чорво ва гирифтани шағал аз соҳилҳои дарёҳо мерасонад. Партовҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда ва қитъаҳои партовҳои бесоҳиб низ таъдиди муайян доранд ва эътимолияти ба дарёҳо партофтани онҳо вуҷуд дорад.
Дар муқоиса бо давраҳои шӯравӣ (30 сол пеш) вақте, ки ҳаҷми партоиши обрезҳо зиёда аз 100 миллион метри мукааб дар як сол ташкил медод, партоиши обҳои ифлосшуда кам гаштааст, вале ҳисоби он гузаронида намешавад ва арзёбии ҳаҷми обрезҳо айни ҳол душвор аст. Дар гузашта истифодаи босуръати моддаҳои кимиёвӣ дар хоҷагии қишлоқ ба зиёдшавии миқдори заҳрхимикатҳо дар об ва замин оварда расонид.Дар замони ҳозира сатҳи пасти истифодабарии заҳрхимикатҳо ва нӯриҳо ба сифати об таъсири мусбӣ мерасонанд.
Арзёбии сифати оби дарёҳо ва кулҳо бо роҳи гирифтан ва ташхиси намунаҳо, мониторин-ги обҳои рӯизаминӣ аз ҷониби хадамоти гидрометеорологӣ амалӣ мегардад. Сифати об дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ хуб аст, махсусан дар минтақаҳои куҳии ташаккулёбии дарёҳо.
Дарёҳои Панҷ, Кофарниҳон, Вахш ва Зарафшон бо сифати хуби об фарқ мешаванд, вале ифлосшавии на он қадар зиёдро партови обрезҳо аз нуқтаҳои аҳолинишин , объектҳои хоҷагидорӣ ва обҳои дренажӣ аз майдонҳои кишт ба вуҷуд меорад. Сифати об дар Сирдарё, ки ба он аз болооб (дар водии Фарғона) обҳои дренажӣ ва обрезҳо аз мамлакатҳои дигар ворид мешаванд, з хуб то миёна вобаста ба давра тағйир меёбад. Дар гузашта паст гаштани сифати об дар Сирдарё, сохтмони дарғотҳо, каналҳо, насосҳои обкаш ва шикори бетанзими моҳӣ ба нестшавии намуди нодири ҷойдории моҳӣ – белбинии сирдарёӣ оварда расонд.
Чораҳои андешидашаванда Барои танзими истифодабарии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон қонунҳо қабул шудаанд, гузариш ба тарзи ҳавзавии идораи захираҳои обӣ амалӣ шуда истодааст. Масъалаҳои хоҷагии об (ҳам миқдор ва ҳам сифат) ба идоракунии мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати тандурустӣ до- хил мешаванд. Барои кам кардани ифлоскунии об системаи иҷозатдиҳии истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда ба ҳавзҳо амал мекунад. Чи аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва чи бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ иншоотҳои обтозакунӣ барқарор мегарданд, хати водопровод дар шаҳрҳо ва деҳот гузаронида мешавад.Кодекси азнавтаҳиягаштаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ислоҳоти сектори об барои давраи то соли 2015 гузариш ба идоракунии захираҳои обӣ дар миқёси воҳиди гидрографӣ (ҳавзавӣ ва субҳавзавии дарёҳо) бо назардошти рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳаллӣ ба назар гирифтаанд. Дар ҳавзаи Сирдарё, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон – ҳавзаи дарёи Қаратоғ (Сурхандарё), дар ҳавзаи дарёи Панҷ – ҳавзаи дарёи Қизилсу, ҳавзаи дарёи Вахш бошад ҳамаи шохобҳои он чунин тарзи идоракунӣ бояд ҷорӣ шавад.
Расми 3.4. Харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сохти идоракунии ҳавзавии дарёҳо
Ташкил шудани ташкилотҳои ҳавзавӣ, шӯрои миллии об ва шӯроҳои ҳазавии дарёҳо барои ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои ҳамаи тарафҳо ба назар гирифта шудааст. Яке аз аввалинҳо дар Тоҷикистон соли 2014 бо маблағгузории ҳориҷӣ нақшаи идоракунии ҳавзаи қисми Тоҷикистонии дарёи Исфара (дар қатори нақшаи якхела барои қисми қирғизии ҳавза) таҳия гардида буд.
Вазорати энергетика ва захираҳои об мақомоти асосии ҷавобгӯйи сиёсат ва танзими соҳаи захираҳои об ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии системаҳои ирригатсионӣ ва дренажӣ ҷавобгар аст. Ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон (АИО) обро дар байни аъзоёни худ тақсим мекунад ва маблағи хизматрасонии обтаъминкуниро ҷамъоварӣ менамоянд. Дар соли 2016 – 400 АИО ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти онҳо қариб 400 ҳазор гектар заминҳои обиро дар бар мегирифт.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист назоратро оид ба риояи меъёрҳо ва қонунҳо вобаста ба об амалӣ мекунад иҷозат барои истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда медиҳад.
Агентии обуҳавошиносии Кумита мониторинги сифат ва миқдори обҳои рӯизаминиро
мегузаронад.Саридораи геология (Тоҷикгеология) хулосаҳоро барои об дар манбаҳои обҳои зеризаминӣ медиҳад ва мониторинги обҳои зеризаминиро мегузаронад. Хадамоти назорати санитарӣ – эпидемиологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинги оби нушокӣ ва обҳои шиновариро мебарад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои паст фаровардани хавфи офатҳои фавқулодда, аз ҷумла обхезӣ ҷавобгар аст. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои идоракунии шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар шаҳрҳо ва деҳот ҷавобгар аст, вале шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионии шаҳрҳои калон ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Норак, Роғун, Файзобод дар тобеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Ташкилотҳои маҳаллӣ ва ғайриҳукуматӣ дар таҳияи нақшаҳои маҳаллии истифодабарии захираҳои обӣ, паҳн намудани донишҳои дахлдор дар байни аҳолӣ дар чорабиниҳои намоиш додани усулҳои замонавӣ ва таҷҳизот барои обмонӣ иштирок менамоянд. Иштироки корхонаҳои хусусӣ дар идоракунии захираҳои обӣ ва обтаъминкунӣ на он қадар фаъол аст.Дар соли 2010 Тоҷикистон ва Афғонистон со-зишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар истифодабарии захираҳои обии ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амударё ба имзо расониданд. Аз он давра ҳамкории дутарафа дар асоси мулоқотҳо, экспедитсияҳо ва тадбиқи лоиҳаҳои обӣ – экологӣ бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ шуда истодааст. Соли 2014 Тоҷикистон ва Афғонистон «Меморандум дар бораи якдигарфаҳмӣ дар масъалаҳои мубодилоти маълумоти гидрологӣ ва иттилоот вобаста ба ҳавзаи дарёҳои Панҷ ва Амударё дар давраи то соли 2020» имзо карданд.